Маориф Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БОЗДИДИ КОРӢ АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Имрӯз, 4 августи соли 2026, дар доираи сафари корӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Файзалӣ Фузайлшо ҳамроҳ бо Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Заррина Фузайлшо аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, маъмурӣ ва инфрасохтории ноҳияи Рашт, ки бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва азнавсозӣ гардида истодаанд, боздиди корӣ анҷом доданд.

Дар доираи ин боздид Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Файзалӣ Фузайлшо  аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи давлатии «Мактаби Президентӣ»  дар ноҳияи Рашт, бинои нави Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум, муассисаи таҳсилоти томактабӣ бинои нави фурудгоҳи ноҳияи Рашт, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 52, бинои Маркази ҷавонон, бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт, роҳи канорагузари соҳили дарёи Сурхоб  аз наздик шинос гардида, ба сифати корҳои иҷрошаванда ва суръати пешрафти сохтмон баҳои дахлдор доданд.

Зимни шиносоӣ таъкид карда шуд, ки татбиқи саривақтии лоиҳаҳои бунёдкорӣ, риояи қатъии талаботи меъёрҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи босифат ва дар муҳлатҳои муайян ба истифода супоридани иншоотҳои ҷашнӣ аз вазифаҳои муҳими масъулин ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, ба роҳбарони мақомоти дахлдор, ташкилотҳои пудратчӣ ва шахсони масъул ҷиҳати боз ҳам суръат бахшидани корҳои сохтмонӣ, баланд бардоштани сифати иҷрои корҳо ва таъмини омодагии пурраи иншоотҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Қайд гардид, ки дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ноҳияи Рашт корҳои ободониву созандагӣ рӯз аз рӯз тавсеа ёфта, бунёди иншооти нави иҷтимоӣ, маориф, ҷавонон, роҳу нақлиёт ва дигар иншооти муҳими хизматрасонӣ бо маром идома дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иҷрои босифати нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар муҳлатҳои муқарраршуда мавриди истифода қарор додани ҳамаи иншооти бунёдшавандаро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ арзёбӣ намуда, ҷараёни иҷрои онҳоро таҳти назорати доимӣ қарор додааст.