Бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ ва арҷгузорӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, бахшида ба Рӯзи маъюбон дар ноҳияи Рашт бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт чорабинии фарҳангӣ ва дастархони идона баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиён аз барномаи рангини фарҳангӣ баҳравар гардида, фазои гарму самимӣ ва идона фароҳам оварда шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба шахсони имконияташон маҳдуд туҳфаҳои хотиравӣ ва кумакҳои моддӣ тақдим гардида, нисбат ба онҳо ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Таъкид гардид, ки дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ноҳияи Рашт низ ин иқдомҳо пайваста амалӣ карда мешаванд


