Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” бо мақсади муайян намудани мутобиқатии мансаби ишғолнамудаи хизматчиёни давлатӣ баргузор карда мешавад.
Дар ин замина, мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2008 №468 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ ва маъмурӣ” ва қарори раиси ноҳияи Рашт аз
17-уми майи соли 2024 № 151 аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ санаи 7-уми июни соли 2024 дар ноҳия баргузор гардид.
Дар аттестатсия раиси комиссия, раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ–Латифзода Фирдавс ва дигар аъзоёни комиссия иштирок намудаанд.