Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, ки бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои хоҷагии халқ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба навоҳии Рашт сафари корӣ анҷом дода, санаи 6-уми июни соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо фаъолон ва кишоварзони ноҳияи Рашт вохӯрӣ баргузор намуд.
Раиси ноҳияи Рашт, муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо маҷлисро ҳусни оғоз бахшида ва баъди суҳбати ифтитоҳӣ риштаи суханро ба Маҳмадтоир Зокирзода доданд.
Дар оғози суҳбат Маҳмадтоир Зокирзода салому паёми самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мардум расонд.
Сипас дар мавзӯъҳои ваҳдату ягонагӣ, дастовардҳои мардуми кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлоли миллӣ сухан гуфт.
Маҳмадтоир Зокирзода бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ аз ҷумла кишти картошка ва зироатҳои кишоварзӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Вохӯриро раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо ҷамъбаст намуда, иброз дошт, ки мардуми бонангу ори ноҳияи Рашт аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҳамеша пуштибонӣ мекунанд ва барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳми сазовор мегузоранд.