Дастгирии қишри осебпазири ҷомеа амали хайру савоб буда, яке аз фазилатҳои неки ниёгонамон маҳсуб мешавад. Имрӯзҳо ин амали хайр дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ва ватандӯст ба ҳукми анъана даромадааст. Вобаста ба ин, дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо барои 70 нафар маъюбону, ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои солинавӣ, аз қабили шириниҳо тақдим карда шуд. Ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти мамлакат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Сарвари давлат пайваста ба шахсони яккаву танҳо ва табақаи эҳтиёҷманди мамлакат ғамхорӣ намуда, онҳоро дастгирӣ менамоянд, ки ин яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад.
Сабтҳои охирин
24 ноябри соли 2022 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30- солагии Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт як қатор биноҳои нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар деҳаи Варзигуни Ҷамати деҳоти Боқи Раҳимзода бинои нави муассисаи таълимӣ ва дар Ҷамоати Қалаи Сурх бунгоҳи тиббӣ, дар ҷамоати Шаҳраки Навобод […]
АРҶГУЗОРӢ БА ХОТИРАИ ҶОВИДОНАИ ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН
22 июни соли 2026 бо мақсади гиромидошти хотираи неки фарзандони содиқу ҷоннисори миллат Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ҳайати раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, раисони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои минтақа ва собиқадорони меҳнат ба Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Дар ҷараёни боздид Раисони ноҳияи водии Рашт [Рашт, […]
ҲУҚУҚИ ИНСОН
Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд – унсури муҳими давлати ҳуқуқбунёд, институти аввалиндараҷаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, нишонаи болоравии ҷомеаи инсонӣ, маданияти ҳуқуқӣ ва умуман тамаддун аст. Назария ва амалияи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таърихи бисёрасра дошта, дар ҳуҷҷатҳову санадҳои гуногуни таърихи башар инъикос ёфтааст, ба монанди Эъломияи истиқлоли ИМА (с. 1776) (русӣ: Декларация независимости США, Эъломияи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванди Фаронса (с. 1789) (русӣ: Декларация прав человека и гражданина, Эъломияи […]

