Раиси ноҳия раси ноҳия Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Сайёҳӣ Хабарҳо

ИҶЛОСИЯИ ШАШУМ (ДАЪВАТИ ҲАФТУМ)-И МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ РАШТ.

Имрӯз 16 июли соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иҷлосияи шашум (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид.
Иҷлосияро раиси ноҳияи Рашт, вакил аз ҳавзаи интихоботии Қазноқ №5 Идизода Зарина Фузайлшо раисӣ намуд.
Ба рӯзномаи иҷлосияи шашум (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт барои баррасӣ масъалаҳои зерин пешниҳод карда шудаанд:
1. Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №269 “Дар бораи номивазкунии объектҳои ҷуғрофии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон”дар ноҳияи Рашт.
(Ахбороти муовини раиси ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии Қулло №26, Ҷононзода М.Ю).
2. Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №568 дар бораи “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар ноҳияи Рашт.
(Ахбороти муовини раиси ноҳия Рашт, вакил аз ҳавзаи интихоботии Қулло №26, Ҷононзода М.Ю).
3. Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо дар нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Рашт дар нимсолаи якуми соли 2026.
(Гузориши Сардори раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Асозода Алишер).
4. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҳиҷборак №22 Маҳмадов Лочинбек Мирзобекович.
5. Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Рашт, ки дар байни иҷлосияҳо қабул карда шудаанд.
( Ахбороти роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Аҳмадзода В.В).