Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ИФТИТОҲИ НАМОИШИ САЙЁРИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Имрӯз, 15.07.2026, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши сайёри осорхонавӣ таҳти унвони «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ба таври расмӣ ифтитоҳ гардид.
Намоиши мазкур ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, ҳадафи асосии он муаррифии арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, таҳкими маърифати экологӣ ва инъикоси ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо тавассути осори санъати тасвирӣ мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи расмии намоиш муовини якуми директори Осорхонаи миллӣ Зарифӣ Алишер Наҷмиддин ва муовини раиси ноҳияи Рашт Хушмаҳмадзода Фарзона иштирок ва суханронӣ намуда, зимни баромадҳои худ аҳамияти таърихӣ ва байналмилалии ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳалли мушкилоти глобалии экологиро таъкид намуданд. Ҳамзамон, нақши муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла осорхонаҳоро дар тарғиби арзишҳои миллӣ, рушди маърифати экологӣ ва муаррифии мероси фарҳангии кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Дар доираи намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ зиёда аз 40 адад асари арзишманди санъати тасвирӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст. Ин асарҳо на танҳо дорои арзиши баланди бадеиву эстетикӣ мебошанд, балки ҳамчун сарчашмаҳои муҳими маърифатӣ дар тарғиби фарҳанги ҳифзи муҳити зист, эҳтиром ба неъматҳои табиат ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ аҳамияти вижа доранд.
Дар ин муддат кормандони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорону донишҷӯён, хонандагон, намояндагони касбу корҳои гуногун, инчунин сокинону меҳмонони ноҳияи Рашт имкон доранд, ки аз наздик бо осори арзишманди рассомони Тоҷикистон шинос гардида, оид ба арзишҳои фарҳангӣ, табиӣ ва экологии кишвар дониши худро ғанӣ гардонанд