Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Сайёҳӣ Хабарҳо

ВУСЪАТИ ГУЛЗОРКУНӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ободу зебо гардида истодаанд.

Дар асоси ҳидоятҳои мазкур ноҳияи Рашт, махсусан маркази он – шаҳраки Ғарм бо шинонидани гулҳои рангоранг ва дарахтони зебои ҳамешасабз симои худро дигар намуда, ҳусни он ҳар бинандаро мафтун месозад.

Вобаста ба ин, 13 майи соли равон бо ташаббуси раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо кормандони мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо ва дигар идораҳои дар ҳудуди ноҳиябуда ба ҳашари гулшинонӣ баромада, майдони ҳавлиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳоро гулзор намуданд.