Субҳи имрӯз, 8-уми майи соли 2024 ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Рашт чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу, ташкилоту муассисаҳо ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватани иштирок намуданд.
Нахуст, раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомадро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба табрик намуда, иброз доштанд, ки Ҷанги мазкур баҳри ҳифзи шаъну шараф ва давлату миллати хеш бар зидди душманон ҷангида, имрӯзи ободу осоиштаро барои ҳамаи мо фароҳам овардаанд.
Тавре доир ба зарурияти таҷлили ин санаи таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд”.
Дар охири чорабини ҳунармандони бахши фарҳанг бо барномаи рангини худ хотири аҳли нишастро шод карданд.