Дар ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди кору хизматрасонӣ, Маркази саломатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Маросими ифтитоҳи иншооти нави соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ва дар доираи тадбирҳои созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи Маркази саломатӣ раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳ таъкид гардид, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, фароҳам овардани шароити муносиб барои дастрасии мардум ба хизматрасониҳои тиббии босифат аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳими соҳаи тандурустӣ мебошад.
Маркази саломатии навбунёд бо шароити мусоид ва имкониятҳои зарурӣ барои қабули беморон ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ пешбинӣ гардидааст. Ба истифода додани чунин иншооти иҷтимоӣ барои сокинони ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак имконияти дастрасии бештар ба хизматрасониҳои тиббӣ фароҳам меорад.
Ифтитоҳи Маркази саломатӣ дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ боз як намунаи корҳои созандагӣ ва таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Рашт мебошад.
Саломатии мардум — сарвати миллат ва асоси ҷомеаи солим мебошад.


