Ҳамасола 18 август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил мегардад. Ин сана ба зодрӯзи яке аз бузургтарин фарзандони миллати тоҷик — олим, файласуф ва табиби маъруф, Абуалӣ ибни Сино, рост меояд. Ба ин муносибат ва ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои гуногуни идона баргузор мегарданд.
Дар ин радиф имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо, роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ, табибону кормандони соҳаи тандурустӣ, собиқадорони меҳнат ва дигар фаъолон иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш саҳми арзандаи кормандони соҳаи тандурустӣ дар ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва таъмини солимии ҷомеа таъкид гардид.
Қайд карда шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустии кишвар ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфта, барои рушди инфрасохтори тиббӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди кору фаъолияти табибон тадбирҳои созанда амалӣ мегарданд.
Дар ноҳияи Рашт низ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои рушди соҳаи тандурустӣ, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор кормандони соҳаи тандурустӣ барои фаъолияти содиқона, меҳнати софдилона ва саҳми арзандаашон дар ҳифзи саломатии аҳолӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Барномаи фарҳангии омоданамудаи аҳли фарҳанг ба чорабинӣ ҳусни идона бахшида, табибон ва кормандони соҳаи тандурустиро бо суруду таронаҳои дилнишин ва рақсу мусиқӣ самимона табрик намуд.
Табиб — ҳомии саломатӣ, умедбахши инсон ва муҳофизи зиндагии шоистаи ҷомеа мебошад.
Рӯзи касбии ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ муборак бошад!

