16 ноябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30- солагии Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт як қатор биноҳои нави соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар деҳаи Лангарак бунгоҳи тибби ва деҳаи Ниговаи ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх бинои нави китобхона бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолии маҳал бо иштироки раиси ноҳияи Рашт Узви Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода мавриди истифода қарор дода шуд.
Сабтҳои охирин
БОЗДИД АЗ КИШТИ КАРТОШКА
Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарама Идизода Зарина Фузайлшо аз рафти корҳои кишти картошка дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳоит ва Ясман боздид ба амал оварданд. Зимни боздид раиси ноҳия бо ҷараёни корҳои саҳроӣ шинос шуда, ба масъулин ва деҳқонон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ, интихоби тухмии босифат ва баланд […]
БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
20 августи соли 2025 дар доираи дастурҳо ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода Ҳамро дар доираи сафари хизматӣ ба минтақа ва ноҳияи Рашт аз рафти корҳои сохтмонӣ барои оилаҳои дар офати табиӣ – заминҷунбӣ зарардида бо ҳамроҳи раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии […]
ВАРЗИШ ГАРАВИ САЛОМАТӢ ВА ҚОСИДИ СУЛҲУ ДӮСТӢ АСТ
Рӯзи 03.02.2024 дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт соати 6 то соати 7 бо иштироки васеъи донишҷӯдухтарони Донишкада ва Колеҷи тиббӣ машқҳои пагоҳирӯзии дастаҷамъона дар маҷмааи варзишии Донишкада баргузор гардид. Мақсад аз ташкил ва гузаронидани машқҳои пагоҳирӯзӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкиму густариши дӯстӣ миёни ҷавонон ва ҷалби донишҷӯён ба варзиш мебошад.

