16 ноябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30- солагии Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт як қатор биноҳои нави соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар деҳаи Лангарак бунгоҳи тибби ва деҳаи Ниговаи ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх бинои нави китобхона бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолии маҳал бо иштироки раиси ноҳияи Рашт Узви Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода мавриди истифода қарор дода шуд.
Сабтҳои охирин
Намояндагии Муассисаи давлатии рушд ва ташаккули соҳибкории Тоҷикистон дар минтақаи Рашт ифтитоҳ гардид
Санаи 20.11.2023 дар ноҳияи Рашт намояндагии Муассисаи давлатии рушд ва ташаккули соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қодирзода Саъди Сангинмурод, раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, роҳбари Муассисаи давлатии рушд ва ташаккули соҳибкории Тоҷикистон Ҷуразода Дилшод ва дигар намояндагони шарикони рушд ифтитоҳ гардид.
АЁДАТИ МОДАРОН ДАР АРАФАИ РӮЗИ МОДАР
Дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ба аёдати бонувони бистаришудаи Беморхонаи бемориҳои равонии минтақаи Рашт рафта, онҳоро бо фарорасии ин иди муқаддас самимона табрик намуданд. Зимни дидорбинӣ модарон ва бонувон ба муносибати Рӯзи Модар бо суханони гарму самимӣ шодбош гуфта шуда, ба […]
ҶАЛАСАИ САЁРИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО АҲЛИ МАОРИФИ МИНТАҚАИ РАШТ
Имрӯз 1 июни соли 2024 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Рашт ҷаласаи саёри вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода Ҳамроҳ бо кормандони соҳаи марифи ноҳияҳои минтақаи Рашт баргузор гардид. Ҳамзамон […]

