Рӯзи 19- ноябри соли равон ба 24 нафар донишҷӯдухтарони Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт, ки дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсии ноҳия саҳми назаррас доштанд, аз тарафи Раиси ноҳияи Рашт Узви Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва шахсони саховатпеша пойафзол ва болопӯшҳои замистона дастрас карда шуд. Чунин дастгириҳо аз тарафи Раиси ноҳияи Рашт нисбати донишҷӯдухтарон мунтазам амали карда мешавад. Донишҷӯдухтарон аз иқдомоти раиси ноҳияи Рашт изҳори қаноатмандӣ намуда зикр карданд, ки ҳамеша дар баргузории чорабиниҳои фарҳангию сиёсии ноҳия иштироки фаъолона намуда ба халқу ватани хеш хизмат менамоянд.
Сабтҳои охирин
ИФТИТОҲИ ИНШООТИ НАВ ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Дар арафаи ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх маркази савдои Амиршоҷон мавриди истифода дода шуд. Дар ифтитоҳи бинои мазкур раиси ноҳияи Рашт, Идизода Зарина Фузайлшо ширкат намуда, иқдоми хайрхоҳонаи соҳибкори муваффақро аз дастуру ҳидояти Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомали […]
САРСАБЗИИ ВАТАН – МАРОМИ МОСТ
Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии экологӣ, иҷрои Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва «Барномаи давлатии кабудизоркунии мамлакат барои давраи то соли 2040», бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва саҳми фаъоли Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Иқдоми мазкур ба беҳдошти муҳити зист, баланд бардоштани фарҳанги экологӣ ва сабзу […]
Рӯзи 2 декабри соли 2022 бахшида ба 28 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноияии Рашт маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Исмоили Сомонӣ»-и Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт баргузор гардид. Инчунин, бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии зикргардада саннаи 03 декабри соли равон дар мавзеи «Чашмаи […]

