23 ноябри соли 2022 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30- солагии Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт як қатор биноҳои нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар деҳаи Ҳоити Ҷамати деҳоти Ҳоит бунгоҳи тиббӣ ва бинои нави муассисаи таълимии №22, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва фонди хайриявии Тоҷикстон сохта шудаанд бо иштироки раиси ноҳияи Рашт Узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва намояндагонӣ фонди хайриявии Тоҷикстон мавриди истифода қарор дода шуданд
Сабтҳои охирин
ИФТИТОҲИ ИНШООТИ НАВ ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Дар арафаи Соли нави мелодӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ғарм маркази савдои «Садаф» мавриди истифода дода шуд.Дар ифтитоҳи бинои мазкур раиси ноҳияи Рашт, Идизода Зарина Фузайлшо ширкат намуда, иқдоми хайрхоҳонаи соҳибкори муваффақро аз дастуру ҳидояти Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон арзёбӣ намуданд.
ИҶЛОСИЯИ БИСТУ ЯУУМ (ДАЪВАТИ ШАШУМ)-И МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ РАШТ.
Санаи 08 июли соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иҷлосияи бисту якум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид. Иҷлосияро раиси ноҳияи Рашт, вакил аз ҳавзаи интихоботии Қазноқ №5 Идизода Зарина Фузайлшо раисӣ намуд. Ба рўзномаи иҷлосияи бисту якум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт […]
ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ
Бо мақсади иҷрои арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона, бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, аксияи таблиғотию ташвиқоти “Тоҷикона мепӯшем” дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки […]

