Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ВАРЗИШ ГАРАВИ САЛОМАТӢ ВА ҚОСИДИ СУЛҲУ ДӮСТӢ АСТ

 

Рӯзи 03.02.2024 дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт  соати 6 то соати 7 бо иштироки васеъи донишҷӯдухтарони  Донишкада ва Колеҷи тиббӣ  машқҳои пагоҳирӯзии дастаҷамъона дар маҷмааи варзишии Донишкада баргузор гардид.

Мақсад аз ташкил ва гузаронидани машқҳои пагоҳирӯзӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкиму густариши дӯстӣ миёни ҷавонон ва ҷалби донишҷӯён ба варзиш мебошад.