Аз 9 то 11 ноябри соли ҷорӣ машқҳои мукаммали мудофиаи гражданӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории машқҳои мукаммали мудофиаи гражданӣ мавзеи дараи Камароби Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода интихоб гардида, дар он сохторҳои ноҳиявӣ, аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти гирду атрофи он ва устодону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 бо фаъолияти хуб ширкат варзиданд. Дар рафти гузаронидани машқҳо наҷотдиҳии аҳолии осебдида аз офатҳои табиӣ ба таври муфассал нишон дода шуд. Ба аҳолии осебдида, тарзи гузарондани ёрии амалӣ ба монанди аз мавзеи хатарнок берун намудани осебдидагон, сари вақт расондани ёрии таъҷилӣ, хомӯш намудани алангаи оташ, таъмин намудани аҳолии зарардида аз шабакаи барқ ва амсоли инҳо машқҳо гузаронида шуданд. Дар фарҷоми машқҳои гражданӣ барои фаъолияти хуб ва саҳми босазо гузоштан дар баргузории ин чорабинӣ ба бархе аз иштирокчиён Ифтихорномаҳо тақдим гардид.