Сайёҳӣ Хабарҳо

Дар ноҳияи Рашт дар мавзӯи «Сайёҳии дохилӣ – омили рушди иқтисодиёти кишвар» Конференсияи миллии сайёҳӣ доир шуд

Имрӯз дар ноҳияи Рашт дар мавзӯи «Сайёҳи дохилӣ – омили рушди иқтисодиёти кишвар» Конференсияи миллии сайёҳӣ баргузор гардид.
Конференсияи миллии сайёҳӣ дар мавзӯи «Сайёҳи дохилӣ – омили рушди иқтисодиёти кишвар» дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси ноҳияи Рашт Бахтиёр Муродзода, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе, роҳбарони суъбектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва ВАО ширкат намуданд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ, имконияти сайёҳӣ дар водии Рашт, ҳифз ва муаррифии объектҳои табиию таърихӣ, омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, имконоти ташкили хатсайрҳо бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Водии Рашт яке аз минтақаҳои зебои кишвар буда, бо рӯду кӯлҳои мусаффо, олами нодири ҳайвоноту наботот, кӯҳҳои осмонбӯс ва мардуми меҳмоннавозаш ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи дӯстдорони сайру саёҳат қарор дорад.
Тайи солҳои охир миёни сайёҳон дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Қалъанак, Ҷафр, Ҳиҷборак, Ясман ва Ҳоит, ки дар онҳо сайёҳии шикор, экологӣ, кӯҳнавардӣ, рафтинг, пиёдагардиву аспсаворӣ беш аз пеш ривоҷу равнақ меёбад, маҳбубияти хос пайдо намуда, ташрифи сайёҳон ба ин мавзеъҳо меафзояд.
Дар ин минтақа ноҳияи Лахш бо чашмаҳои шифобахш, шаршараҳои зебо, боду ҳавои тоза ва дараҳои зебоманзар машҳур гаштааст.
Азбаски 95 дарсади ҳудуди ноҳияро кӯҳсор ташкил медиҳад, дар ҳудуди он аз соли 2010 экспедитсияҳои байналмилалии кӯҳнавардӣ барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ гузаронда мешаванд. Аз ноҳия ба сӯи ин қулла роҳи махсус аст, ки кӯҳнавардонро ба майдончаи «Москвина» раҳнамун месозад. Зеро табиати ноҳия бештар барои рушди сайёҳии экологӣ ва кӯҳию варзишӣ мусоид мебошад. Экспедитсияҳои мазкур бо иштироки варзишгарону кӯҳнавардони зиёда аз 15 кишвари хориҷӣ доир мегардад.
Дар ноҳия осоишгоҳи «Тандиқул», ки дар масофаи 26 километр дуртар аз маркази ноҳия, дар яке аз дараҳои зебо ҷойгир буда, бо оби гарми шифобахшаш машҳур аст, барои бемориҳои ҷигар, пӯст, асаб, тарбод давобахш мебошад. Оби чашма аз таги замин фаввора зада мебарояд ва 95 дараҷа гармӣ дорад. Ҳамагӣ 2 метр дуртар аз он чашмаи оби хунук ҷорӣ аст, ки ба ҳар шахс ҳаловати тоза мебахшад.
Дар водии Рашт ноҳияи Сангвор бо иқлим, табиат, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экотуризми сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мувофиқ мебошад.Мавриди зикр аст, ки маводњои итилоотии Кумита низ маконњои тамошобоби минтақаро фаро гирифта дар байни дўстдорони сайру саёњат бо тариќи ройгон тавсеа гашта истодаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ маҳз барои боздид аз мавзеъҳои сайёҳии минтақа ба кишвар ворид мешаванд.
Ҳамоиши мазкур дар заминаи пресс — тур оид ба имконияти қабулу хизматрасониҳои сайёҳӣ дар хатсайри сайёҳии Душанбе-Сангвор-Лахш-Рашт-Нуробод- Душанбе барои намояндагони ВАО ва доираҳои сайёҳие, ки бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар доираи тадбири Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардидааст, баргузор гардид.
Дар интиҳои ҳамоиш ба мақомоти
маҳаллии ноҳияҳои водии Рашт ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки дар тарғиби зарфиятҳои сайёҳии кишвар саҳм гузоштанд, сипосномаҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ тақдим гардид.
Қабл аз оғози сафар Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо иштирокчиён суҳбат намуда, тадбири мазкурро дар заминаи татбиқи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии зарфиятҳои хоси сайёҳии кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар самти афзун гардонидани шумули маконҳои сайёҳӣ ва ба вуҷуд овардани имконоти зарурӣ ҷиҳати қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ барномаҳо таҳия намуда, тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.