Коррупсия яке аз мушкилоти имрўза аст, ки ба рушди устувори давлатдорӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанг зарари манфӣ мерасонад. Дар асарҳои таърихӣ, адабӣ, ахлоқӣ доир ба ришвахӯрӣ ва ришваситонӣ панду андарзҳои зиёдеро мушоҳида кардан мумкин аст. Мафњуми «коррупсия» дар ибтидо амали ашхосеро, ки њадафашон вайрон сохтан, халал расонидан ба рафъи муътадили мурофиаи судї ё раванди идоракунї ба корњои љомеаро ифода мекард.Мафњуми коррупсия, минбаъд харидани шахсони мансабдор, тамаъҷӯии амалдорон, истифодаи имкониятњои хидматї ба манфиати ғаразноки шахсӣ, ҳалли ин ё он масъалаву мушкилот бо роҳи ришвадиҳӣ ва ришваситониро ифода намуд. Коррупсия падидаи нав набуда, решањои он хеле қадима аст. Ҳанўз дар аҳди бостон калимаи “коррупсия” ба истилоҳи “фасод”, “вайронкунанда”, “зараррасонанда” ва “фурўхтани мансаб” маънидод карда шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замон аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум карда мешуданд.Башарият аз ин хатарҳову мушкилиҳо ибрат гирифта, барои расидан ба ҳадафҳои худ ва таъмини ҳаѐти осоишта аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода намуданро омӯхтааст. Имрўзњо яке аз муҳимтарин масоиле, ки садди роҳи пешрафти тамоми давлатҳои дунѐ гардида, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, масъалаи коррупсия мебошад. Коррупсияро имрўзҳо дар кулли соҳаҳои ҳаётан муҳими ҳам давлатҳои пешрафта ва ҳам суръати инкишофашон сусту миёна вохурдан мумкин аст.Аз ин лиҳоз, ҷомеаи ҷаҳонӣ кўшиш ба харҷ дода истодааст, ки ин зуҳуроти номатлуб ва тоқатнофарсо аз ҳаѐти ҷомеа дуртар ва сатҳи он ҳарчӣ бештар коҳиш дода шавад. Роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин масъала бетараф нестанд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахуст рӯзҳои бар сари ҳокимият омаданашон дар ин ҷода фаъолона ва ҷиддӣ рафтор намуда, доим ба муқовимати дастаҷамъона бар зидди коррупсия даъват менамоянд.Мо бояд тамоми омилњо ва сабабњои зуњури коррупсияро њамаљониба омўхта, тањлил намоем ва тамоми ќувваи љомеаро барои пешгирї ва паст кардани шиддат ва решакан кардани он сафарбар намоем. Зуҳуроти фасод – чун миёнаравӣ, васоят, хешу таборчигї бо ибораи дигар бюрократияи маъмурї, қоғазбозӣ, эҷоди монеаҳои бофтаву сунъӣ вобаста ба додани литсензияњо, иҷозатномаҳо, қарорҳо ва дигар санадҳо дар мақомоти идоракунии давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, инчунин дар муассисаҳои таълимӣ, макотиби олӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, бонкҳо, корхонаҳои хусусӣ, хулоса дар аксари муассисаву идораҳо ба назар мерасад.Ришваситонї дар низоми хариду фурўши давлатї, ҷараёни воридот ва содироти молу амвол аз сарҳад, коррупсия дар бахши хусусигардонии амволи давлатц, тақсимоти замин, ҷамъоварии андоз низ доман паҳн кардааст.Аксари муњаќќиќон зуњуроти коррупсияро аз рўи маъќулањои зерини њуќуќ, сохтори давлатї, иќтисодї, сиѐсї, иљтимої ва ахлоќї бањо медињанд: – сабабњои асосии коррупсионї дар кишвар ин риоя накардани ќонунњое мебошад, ки барои танзими муътадили фаъолияти тамоми соҳаҳо равона шудаанд; – сабаб ва омилҳои иљтимоии коррупсия дар косташавии ахлоќи баъзе аз мансабдорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идора карда натавонистани нафси тамаъҷӯӣ, ҳирси сарвату боигарӣ аст; – дар баъзе ҳолатҳо пинҳон кардани амали коррупсионӣ, нодуруст ва сари ваќт инъикос накардани он дар матбуот, инчунин муносибати бетарафона ва бепарвоёнаи аъзои љомеа нисбат ба коррупсия мебошад.Масъалаи пешгирии љиноятњои хислати коррупсионидошта дар маркази таваҷҷӯҳии маќомоти њифзи њуќуќ ќарор дошта, сохторњои марбутаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатӣ ва њифзи њуќуќ оид ба пешгирии содиршавии љиноятњои коррупсионӣ ва мубориза ба зидди он корњои тарѓиботию ташвиқотиро мунтазам мегузаронанд. Ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бар зидди коррупсия чунин чораву тадбирҳоро бояд андешид: -амалисозии воқеии Фармонҳои Президенти мамлакат; Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъѐрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ; -баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва баланд бардоштани масъулияти онҳо дар самти муборизаи беамон бар зидди коррупсия; -тақвият бахшидани корҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣ, тарбияи ахлоқии ҷавонон, тамоми қишрҳои ҷомеа; -тақвияти ҳисси масъулиятшиносӣ, шарафу номус ва виҷдони касбӣ дар байни мансабдорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии давлатӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, варзиш ва дигар корхонаву муассисаҳо; -фароҳам овардани шароит ва сатҳи зиндагие, ки решаҳои коррупсияро аз байн мебарад; -фош сохтани шахсони ришвахур ва ришвадеҳ дар матбуот, байни ҷомеа ва фароҳам овардани шароити ногувору тоқатфарсо барои чунин ашхос; -равона сохтани ањли ҷомеа барои муқовимати шадид бар зидди коррупсия. Ҳамин тариқ, коррупсия эътимоди мардумро ба давлат, қонун, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шахсони мансабдор коста месозад, шаъну эътибори шахсро паст мезанад, адолат ва қонунро заиф менамояд. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб қарзи шаҳрвандӣ, виҷдонӣ ва инсонии ҳар як шахси худогоҳ, ватандӯст ва масъулиятшинос мебошад.Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд”. Мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, муқовимат ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол аз сол пурзӯртар мешаванд.Муқовимат ба коррупсия – мафҳуми ин ҷараѐн асосан аз унсурҳои мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии коррупсия иборат буда, қисми таркибии сиѐсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ѐфта, таҳия ва амалишавии он аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз гардида, самаранокии муқовимат ба он аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад.Интихоб ва ба вазифаҳои нозири муборизабаранда бар зиддӣ амалҳои коррупсионӣ низ яке аз роҳҳои пешгирӣ ва нобудсозии ин амали номатлуб мебошад. Мақомотҳои давлатиро зарур аст, ки ҳангоми интихоби кадрҳо сифати фардии ҳар як шахс ҳамчун инсон омӯхта шавад, тарбияи дурусти онҳо, ҳисси ватанпарастиашон, рӯҳияи поквиҷдонии онҳо ва рафтори онҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ба пурраги санҷида шуда, сипас ба кор таъмин карда шаванд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 низ таъкид шуда буд, ки «Фаромўш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонам сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем» .Аз ин нуқтаи назар, бартари доштани чораҳои пешгирикунанда ва аз байнбарандаи заминаҳо ва шароитҳои зуҳури коррупсия, бояд дар сиёсати зиддикорупсионии њар як давлат мавқеи муҳимро ишғол намуда, ба омилњои зерин такя намояд:1.Баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқии аҳолӣ. Яъне бо мардум наздик шудани ходимони давлатї, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратї, ба шаҳрвандон фаҳмондани мақсаду мароми қонунҳо ва санадҳои меъёрии њуќуќї, ки дар онҳо дараҷаи ҳуқуқдорию амалкунии субъектон ва фазои амали онњо мустаҳкам гаштааст.2.Ошкоро, шафоф ва таҳти принсипи қонуният фаъолият намудани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомотњои давлатї, бо мақсади эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон. Заминаи сарчашмагирандаи ин омил сиёсати дурусти фаъолияти касбии хизматчии давлатї дар соҳањои хољагии халќ мебошад.3.Беҳбуди бахшидан ба сатҳи аз ҷиҳати модди ҳавасмандсозии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар маќомотњои давлатї, таъминоти онҳо бо ашёҳои зарурї ва дигар васоити илмию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳаёти иҷтимоию иқтисодии онҳо.4.Пурзур намудани назорат аз болои фаъолияти шахсоне, ки бо харҷу дахли давлати машғуланд.Мусоидат намудан ба рушди маърифатнокии аҳоли ва инкишофи ҷаҳонбинии тафакурию равонї ва фаҳмиши ирфонии онҳо, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи ватандустӣ, масъулиятшиносӣ, худшиносии миллї, садоқатмандию эҳтиром ба қонун, ба муқадасоти миллї ва дигар арзишҳои олии инсонї ва софдилона ҳифз намудани амнияти иктисодї, иҷтимої ва марзу буми кишвар.Таквият бахшидан ва назорати раванди татбиқгардии қонунҳо ва асноди ҳуқуқие, ки нашр гаштаанд.Дар охир қайд намудан лозим аст, имрӯз, мо ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд дуруст дарк намоем, ки мақсади мо бунёди давлати саҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад ва чунин «давлат танҳо дар заминаи афкори ҷамъиятии пешқадам, шафофияту ошкорбаёнӣ тавлид мегардад ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд танҳо дар ҳамон вақт ташаккул меёбад, ки эҳтиром ба қонун ва риояи ҳатмии он дар дилу шуури ҳар як шаҳрванд ҷой гирифта бошад.