Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

САНАИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

 Номаи шодбошии раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бахшида ба 29-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 16-уми ноябрро дар таърихи давлатдории навини тоҷикон муқаддастарин санаи таърихӣ метавон арзёбӣ кард.  Зеро Тоҷикистони дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба хоку хун кашидашуда маҳз бо баракати ҳамин сана – 16 ноябри соли 1992 аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт ва роҳи ояндаи худро муайян кард. Ҳамчунин, иҷлосияе, ки аз он оғоз ёфт, миллати моро раҳнамову раҳкушо ва Пешвои муаззаму муқтадир бахшид.

Бояд дар оғози сухан ёдовар шавам, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он давраи нооромӣ бо назардошти як қатор омилҳо дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе не, балки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бо иштироки вакилони халқ, аъзои Ҳукумат, ашхоси номдор, пирони рӯзгордида, олимону адибон, намояндагони ҳизбу созмонҳо ва воситаҳои ахбори умум  баргузор гардид.

Рӯзи 19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосия суханронии Раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб, депутати халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов шунида шуда, бо гармӣ истиқбол гардид, зеро вазъи баамаломадаи ҷумҳурӣ дар он воқеъбинона ва бо дарки масъулияти баланд тавсиф гашта, ҳадафи олии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳ дар тамоми қаламрави кишвар муайян карда шуд.

Дар ҳамин рӯз, бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳмонов Эмомалӣ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд, ки ҳамзамон Сарвари давлати Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ин қарор, дарвоқеъ, аҳамияти таърихӣ дошта, ба тақдири минбаъдаи давлатдории тоҷикон нақши бебаҳо гузошт. Шахсе ба ин вазифаи масъулиятнок интихоб гардид, ки дорои иродаи матин ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ барои  тақдири минбаъдаи халқи Тоҷикистон буд.

Сарвари нави давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз баргузории Иҷлосия ба амалӣ кардани қарорҳои он шурӯъ намуда, дар ин кори басо муҳим ва тақдирсоз азму иродаи қавӣ нишон доданд. Дар ҳамин давраи тақдирсози давлатӣ ҳатто нафароне пайдо шуданд, ки аз мансабҳои масъули давлатӣ даст кашида, ба ояндаи давлат боварӣ надоштанд. Лекин ба ин нигоҳ накарда, Пешвои миллат устуворона баҳри иҷрои қарорҳои Иҷлосияи мазкур кӯшиш ба харҷ дода, дар муддати кӯтоҳтарин баҳри хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, баргардондани гурезаҳо, барқарор намудани хоҷагии аз ҷанг харобгашта тадбирҳои таъхирнопазир андешида, ба давраи бесарусомонӣ, кашмакашиҳо ва талошҳои беҳудаи ҳарисони мансаб, ки ба иродаи қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ такя доштанд, хотима гузошт.

Роҳбари давлат садоқату вофодориро ба ватану миллати хеш нишон дода, дар нахустин суханронии худ, содиқ буданашонро барои сулҳ, оромӣ ва пешрафту шукуфоии миллати тоҷик чунин баён доштанд: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард». Инчунин қайд карда буданд, ки барои ба даст овардани ин мақсадҳо ҳатто омодаанд, ки ҷони худро нисор намоянд.

Қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳори ғояҳои сулҳхоҳона ва неки Сарвари нави давлат Эмомалӣ Раҳмон дар тафаккури ҳар як сокини солимфикри Тоҷикистон нақши бориз гузошта, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба корҳои нави созандагӣ ҳидоят ва орзуву ормони халқро ба бунёди давлати демократӣ, зиндагии судманду осоишта қавӣ намуда, боиси афзоиши боварии шаҳрвандон ба роҳбарияти нави давлат, муттаҳидии онҳо дар атрофи Пешвои миллат гардиданд. Иҷлосия ба дилшикастагӣ, рӯҳафтодагӣ ва нобоварии шаҳрвандон ба фардои худ хотима гузошта, дар дили мардум бедории миллиро ба миён овард.

         Бояд гуфт, ки дар Иҷлосия маҷмуъан 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот, ба монанди қонунҳо дар бораи авфи умумӣ, гурезагон, имтиёзҳо барои маъюбони ҷанги шаҳрвандӣ ва оилаҳое, ки саробони хешро аз даст дода буданд қабул карда шуд. Ҳамин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳидоятгари сокинони кишвар дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, бахшидани гуноҳони якдигар гардиданд. Орзуву омоли халқро ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташкили зиндагонии осоишта қавӣ намуда, боиси афзудани эътимоди шаҳрвандон ба ҳокимияти конститутсионӣ гардид.

Иҷлосия рамзҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро низ аз нав муқаррар кард. Дар он қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатии Тоҷикистон» ва «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуда, ба Конститутсия дар бахши рамзҳои давлатӣ тағироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки пешрафти ҷомеа ва давлат, ҳаёти шоистаи зиндагии одамон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон танҳо дар шароити сулҳи иҷтимоӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазиранд. Тоҷикон дар тӯли ин солҳо аз таҷрибаи талхи таърихи наздики худ ҳамеша ёдовар шуда, сулҳ ва ваҳдати миллиро чун неъмати бебаҳо пос медоранд. Таҳияи садҳо китобҳо ва мақолаҳои олимону муаррихон оид ба ин дастоварди бузурги таърихӣ имрӯз насли ҷавонро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ тарбия намуда, барои онҳо беҳтарин раҳнамо мебошад.

Мебояд қайд намоем, ки ин Иҷлосияи тақдирсоз дар бахши қонунгузорӣ ва инкишофи ислоҳоти конститутсионии мамлакат низ саҳифаи нав кушода, барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт.

Ҳамаи муваффақиятҳои пешрафти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон, ки ба даст омаданд, бо шарофати Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гаштанд.

Расидан ба чунин мақсаду маром буд, ки дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ноҳияи мо низ рушду такомул ёфт. Баъди расидан ба ваҳдати миллӣ дар ноҳия анқариби ҳазор иншооти муҳими хоҷагии халқ бо дастгирии бевоситаи Президенти муҳтарамамон сохта ба истифода дода шудааст. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт, ки дар се давра ба тасвиб расидааст, самтҳои асосии пешрафти иқтисодию иҷтимоии ноҳияро муайян намуда, барои ноил гардидан ба рушди устувори иқтисодии хоҷагии халқи ноҳия ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронда шуд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншоотҳои хоҷагии халқ идома дорад.

Дар фарҷоми сухан мардуми шарифи ноҳия ва тамоми кишвари азизамонро ба муносибати таҷлили 29 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, орзу мекунам, ки Пешвои муаззами миллатамон саломатии бардавом дошта бошанд ва зери роҳбарии ҳамин шахсияти бузурги таърихӣ Тоҷикистони мо ба муваффақиятҳои нав ба нав ноил гардад.