Хабарҳо

ВОХӮРИИ ҲАЙАТИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ РАШТ

6-уми апрел, дар рӯзи дуюми сафари ҳайати гурӯҳи корӣ ба минтақаи Рашт, ҷиҳати татбиқи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи иҷроия – Рудобаи Мукаррам дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бо иштироки ҷавонон, занон, имомхатибон ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа ҷамъомад доир гардид.

Мавзӯи асосии дар вохӯрӣ баррасишаванда “Пешгирии раванд ва ҳолатҳои номатлуб дар ҷомеа” унвон гирифта, дар кори он аъзои ҳайати гурӯҳи корӣ, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдусаматзода Зулфия, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Латофат Назарӣ, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Азизулло Мирзозода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдулмаинзода Заррина ва раиси ноҳияи Рашт – Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ширкат варзиданд.

Вохӯриро раиси ноҳияи Рашт – Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ифтитоҳ бахшида, сараввал меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфт. Дар бобати масъалаи матраҳшавандаи вохӯрӣ раиси ноҳия қайд намуд, ки тайи солҳои охир гаравиши наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва гурӯҳҳои экстремистӣ боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои алоҳида ва ниҳодҳои байналмилалй гардидааст, зеро фаъолияти онҳо ба амнияту суботи кишварҳо хатар эҷод мекунад”. Раиси ноҳия баргузории чунин чорабиниҳоро дар самти пешгирии тамоюлҳои манфии замони муосир саривақтӣ ва амри зарурӣ арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ роҳбари ҳайати гурӯҳи корӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи Мукаррам суханронӣ карда, омил ва сабабу натиҷаҳои манфии тамоюлҳои терроризму ифротгароиро ба ҳозирин шарҳ доданд.

 Рӯдобаи Мукаррам дар идома қайд намуданд, ки баргузории вохӯрии мазкур бо дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҳамагонро водор месозад, ки дар самти таҳкими ваҳдат ва тарғиби ғояҳои суботу оромӣ фаъол бошанд.

Инчунин, дар идомаи суханронӣ роҳбари ҳайати гурӯҳи корӣ нақш ва заҳмату талошҳои Пешвои миллатро дар самти таъмини ваҳдат ва эъмори давлати демократӣ ва соҳибихтиёр зикр карда, иштирокдорони чорабиниро ба шукргузорӣ аз фазои ободу озоди кишвар даъват намуданд.

Дар давоми вохӯрӣ риштаи сухан ба муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Латофат Назирӣ дода шуд.

Ӯ дар баромади худ масъалаҳои вобаста ба давлатдорӣ, суботу амният, тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро ба баррасӣ гирифт. Дар хусуси масъалаи ободонию созандагӣ Латофат Назирӣ қайд намуд, ки “Таърих аллакай исбот кардааст, ки ватанро танҳо фарзандони асилу номбардор метавонанд рушд диҳанд ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд. Аз ин рӯ, аз ҷавонон даъват ба амал оварда, таъкид менамоям, ки дар зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муттаҳид шуда, барои ободиву пешрафти давлат саҳмгузор бошанд”.

Сипас, дар кори вохӯрӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зулфия Абдусаматзода суханронӣ намуда, диққати ҳозиринро ба масъалаҳои вобаста ба саломатии занон, маърифатнокии тиббии онҳо, пешгирии ҳолатҳои фавти модару кӯдак дар давраи таваллуд ва рафти иммунизатсия бар зидди пандемияи КОВИД-19 ҷалб намуд.

Зулфия Абдусаматзода зимни суханронӣ зикр кард, ки новобаста аз тадбирҳои андешидашуда, ҳоло ҳам дар ноҳияҳои минтақа ҳолатҳои фавти модарон ҳангоми таваллуд ва таваллуд дар хона бе иштироки мутахассисони соҳаи тиб ба назар мерасанд.

Ҳамчунин ӯ махсус қайд кард, ки ҳоло дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа зиёда аз 1 миллион занону бонувон фаъолият менамоянд ва дар даҳсолаи охир бо мақсади беҳтар намудани солимгардонӣ, дастрасӣ ба сатҳу сифати хизматрасонӣ ба занону духтарон дар сатҳи муассисаҳои табобативу профилактикии кишвар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ гардидаанд, ки ин аз таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат шаҳодат медиҳад.

Дар оғози суханронии хеш муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мирзозода Азизулло таваҷҷуҳи аҳли нишастро ба ҳодисаҳои мудҳиши солҳои 90-уми асри гузашта ҷалб карда, таъкид доштанд, ки насли калонсол бояд даҳшату оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро ба насли наврас ва ҷавон дуруст фаҳмонанд.

Мирзозода Азизулло огоҳии ҷавонону наврасонро аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир ва таваҷҷуҳ ба илмро омили муҳим ва сипари мустаҳками ҳифзи арзишҳои миллӣ унвон дода, насли навро ба маърифатнокӣ, омӯзиши илму дониш ва огоҳии сиёсӣ даъват намуданд.

Қайд гардид, ки илму маърифат барои инсон воситае мешавад, то ки тафаккуру ҷаҳонбинии диниву дунявиро дуруст ташхис диҳад ва аз гумроҳиву ҷаҳолат худро ҳифз намояд.

Муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми иштирокдорон хоҳиш намуданд, ки дар татбиқи қонунҳои кишвар, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” фаъол бошанд.

Дар идомаи чорабинӣ суханронии муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдулмаинзода Заррина шунида шуд.

Ӯ дар оғози суҳбат аз таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба занону бонувон, таҳия ва дар амал татбиқ намудани барнома ва стратегияҳои муҳим дар самти баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ёдоварӣ кард.

Ҳамчунин, Абдулмаинзода Заррина аз модарону бонувон даъват ба амал овард, ки дар тарбияи дурусти насли наврас ва татбиқи сиёсати давлат фаъол бошанд ва рисолати модарии худро дар сатҳи зарурӣ иҷро намоянд.

Дар идомаи вохӯрӣ сокинон ва намояндагони касбу кори гуногуни ноҳияи Рашт ба сухан баромада, дар назди ҳозирин ваъда доданд, ки барои пешгирии хатарҳои номатлуби ҷомеа, ҳифзи арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ талош хоҳанд кард.

Вохӯрӣ бо тақдими китобҳои “ВАҲДАТ, ДАВЛАТ, ПРЕЗИДЕНТ” аз ҷониби роҳбари ҳайати гурӯҳи корӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рӯдобаи Мукаррам ба китобхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва суханронии хотимавии раиси ноҳия анҷом ёфт.