Вохӯри бо ҷамоат Кишоварзӣ Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ДАСТУРИ ПЕШВО ДАР АМАЛ

Тавре, ки тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳӣ дорем, субҳи 11 июни соли ҷори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Хатлон  ва Суғд, ноҳияҳои Рашт , нуробод тоҷикобод, Лахш ва Сангвор  суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро доир ба вазъи корҳо дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла суръати ҷамъоварии ғалладонагиҳо, шуниданд.
Роҳбари давлат ба раисони вилоятҳо ва ноҳияҳои зикршуда доир ба таъмин намудани истифодаи самараноки заминҳои Президентӣ ва наздиҳавлигӣ, суръат бахшидани кишти такрорӣ барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва махсусан, ба раисони ноҳияҳои Рашт доир ба зиёд намудани истеҳсоли картошка  ва баланд бардоштани ҳосилнокии он, инчунин, риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии тоҷикистон», гирифтани пеши роҳи ҳама гуна исрофкорӣ ва зиёдаравиҳо супоришҳои маххсус доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба таври қатъӣ талаб карданд, ки бо дарназардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, кам шудани маводи ғизоӣ ва болоравии бо суръати нархҳо ба масъалаи  истифодаи тамоми захираву имкониятҳо барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила эътибори ҷиддӣ ва аввалиндараҷа дода шавад.
Вобаста ба ин, вохӯриҳои раиси ноҳияи рашт, узви Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода дар якҷоягӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо аҳолӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оғоз ёфтанд.
Раҳимҷон Набизода ҳангоми вохӯриҳо роҷеъ ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати бештар кардани майдони киштзор ва рушди соҳаи кишоварзӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат, инчунин, пешгирӣ аз амалҳои исрофкорӣ ҳангоми баргузории маъракаҳо ба тафсил ҳарф зад.
Роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ роҷеъ ба риояи қонунҳои миллӣ ва вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон изҳори андеша намуданд.
Ҳоло дар вохӯриҳо дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба анҷом пазируфта, гуфта мешавад, ки кишоварзони ноҳия дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат тасмим гирифтаанд, ки соҳаи кишоварзиро боз ҳам вусъат дода, майдони кишти картошкаро имсол ба 3500 гектар расонанд.