Маҷлиси васеи назди раиси ноҳия оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти тараққиёти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар соли 2023 ва вазифаҳо дар соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт 18 январи соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси ҷамъбастӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон […]
Рӯзномаи “Оинаи Рашт”
НАҚШАҲО АМАЛӢ МЕГАРДАНД
Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодии давраи навин дар ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад. Чуноне, дар арафаи таҷлили 26-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 иншооти таъиноти гуногун ва дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон […]
Номаи табрикии раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ба муносибати 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд, “Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин […]
“САЛОМАТӢ ГАВҲАРИ НОЁБ АСТ”
Вохӯрии раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳия ба муносибати иди касбии кормандони соҳаи мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. Вохӯриро Зарина Идизода, муовини якуми раиси ноҳия кушода, кормандони соҳаро ба муносбати иди касбиашон табрик гуфт. Насриддин Солиҳов, сартабиби беморхонаи марказии ноҳия оид […]
САРҶАМЪӢ БАРАКАТ МЕОРАД
– Мардуми баруманди ноҳияи Рашт бо меҳнати софдилонаи хеш ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини рушди бомароми иҷтимоию иқтисодии диёр заҳмат мекашанд. Умед аст, ки то Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми иншооти нақшавӣ бо сифати баланд сохта шуда, […]
«ОИНАИ РАШТ» – ОИНАИ ЗИНДАГИИ МОВУ ШУМОСТ!
«ОИНАИ РАШТ» – ОИНАИ ЗИНДАГИИ МОВУ ШУМОСТ! «Оинаи Рашт» нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт буда, минбари розу ниёз ва инъикосгари дастоварду комёбиҳои мост; Оинаест, ки дар муқобили офтоби рӯзгорамон қарор гирифта, нурҳои онро дар худ мунъакис месозаду ба сӯи дуриҳои дур, яъне ба ояндагонамон мефиристад; Оинаест, […]
Рӯзномаи “Оинаи Рашт” Август 2020, №19
РАШТ № 19