Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БУНЁДИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ

   Муҳимтарин вазифаи мактаб ваҷомеа дар шароити нави таърихӣ аз он иборат аст, ки шогирдонро дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ, ҳамчунин дарки равшани арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд. Ин вазифа бояд тамоми низоми таълиму тарбияро фаро гирад-таъкид намудааст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бо дарки ин маънӣ санаи  24 декабри соли 2024 вобаста ба иҷрои нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ бо иштироки раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо дар деҳаи Мусофирон Ҷамоати деҳоти Ясман бинои нави иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №98   мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Гуфта мешавад, ки бинои мазкур аз 4 синфхона ва як дафтари корӣ иборат буда, бо дастгирии ташкилоти «Хайриявии Тоҷикистон»  бунёд гардидааст.
Инчунин, аз тарафи ташкилоти мазкур ба 50 нафар хонандагон ва омӯзгорон сару либоси зимистона тақдим карда шуд.