Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар давоми нуҳ моҳи соли 2023 фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Фармону Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда, Раиси ноҳияи Рашт, узвми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали директори Агентии захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев баҳри муайян намудани роҳҳои инкишофи иқтисодию иҷтимоии ноҳия, истифодаи оқилонаи замину об ва дигар сарватҳои табиӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, таҳияи нақша ва барномаҳои рушди иҷтимоии маҳал, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияту осоиштагии шаҳрвандон, беҳбудии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини кумаки тиббию санитарӣ, баланд бардоштани шароити моддию маишии шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба роҳ монд.
Сабтҳои охирин
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМ ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Дар маркази ноҳияи Рашт Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта шуд. Дар ҷамъомад раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷамоатчигӣ иштирок доштанд. Қабл аз оғози чорабинӣ роҳпаймоии сокинони ноҳия сурат гирифт. Раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо аҳли […]
Ҳашари дастаҷамъи.
6 марти соли равон фаъолону зиёиён, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Рашт беш аз 700 нафар барои сабзу хуррам гардонидани ватани азизамон дар канори шоҳроҳи ҳудуди ҷамоати деҳоти Қалъаи сурх ба ҳашар баромада беш аз 1000 бех ниҳоли Арча шинониданд.
Дар гузашти низомии Рашт ду ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ иштирок намуданд
Сентябрь 7, 2021 12:19 РАШТ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар маркази ноҳияи Рашт ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ду ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи дар ноҳияи Рашт қарор дошта, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ гузашти низомӣ доир гардид. Тавре мухбири минтақавии […]

