Санаи 12-уми декабри соли 2024 дар қасри фарҳанги ноҳияи Рашт ҷаласаи нахустини комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳалии вакилони халқи ноҳияи Рашт баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа раиси комиссияи ноҳиявии интихобот Мирзоев Ҳикматуло, коршиносони комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Исфандиёр ва Сардори Раёсати тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саидзода Ҳуснудин иштирок ва баромад намуданд.
Дар ҷараёни кори машварат аъзои комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ноҳияҳои минтақаи Рашт ширкат варзиданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳама ҳавзаҳои интихоботӣ ҷиҳати ба таври демократӣ, шаффоф ва ошкоро баргузор шудани интихобот омода мебошанд.
Дар фарҷом метавон қайд намуд, ки мардуми ноҳияи Рашт дар фазои орому осудаи кишвар бо эътимод ба имрӯзу фардои дурахшони Ватани маҳбуб дар маъракаи муҳимӣ сиёсӣ– интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ қарзи шаҳрвандии худро иҷро менамоянд.

