Кишоварзӣ Хабарҳо

  ЗАМИНАИ БОЭЪТИМОДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

Кишоварзӣ соҳаи асосии пешбарандаи иқтисодиёти ноҳияи Рашт буда, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва саъю талоши сокинони заҳматпешаи он тайи солҳои охир уфуқҳои тозаи рушд касб дорад. Ин аст, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ соли сипаришуда ба 447 миллиону […]

Варзиш Наворҳо Хабарҳо

Баргузории гуштини милли дар ноҳияи Рашт

29 марти соли 2020 бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилали дар ноҳияи Рашт гӯштини миллӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади болозикр паҳлавонон аз тамоми гӯшаю канори Тоҷикистони азиз ҷамъ омада барои шоҳҷоиза байни худ рақобат намуданд.  

Кишоварзӣ Хабарҳо

1 феврали соли 2020 таҷлили иди Сада дар ноҳияи Рашт

Иди Сада ҳамчун рамзи кишту кор, зиндашавии табиат, оғози кори деҳқон ҳамасола дар саросари кишварамон бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Шукўҳу шаҳомати таҷлили имсолаи ин иди қадимаи тоҷикон то дергоҳ дар лавҳи хотирҳо нақш мебандад. Рӯзи 1 феврали соли 2020 дар маркази ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм иди аҷдодии точикон яъне иди Сада ҷашн гирифта шуд. […]

Варзиш Хабарҳо

ҒОЛИБИЯТ ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Мусобиқаи варзишии “Ҷоми ҷаҳон оид ба Карате-до шотокан” дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия  аз  14  то 15 декабри солӣ ҷорӣ баргузор гардид. Дар мусобиқа 714 варзишгар аз 14 мамлакати дунё, аз ҷумла аз дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 нафар иштирок дошта, бо ҳарифони худ қувваозмоӣ карданд. Боиси хушнудист, ки 2 нафар варзишгари ноҳияи Рашт Искандаршо […]

Тандурустӣ

Кумаки ройгони тиббӣ ба аҳолии ҷомоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт

Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Рашт тибқи нақшаи кории муштараки байни Беморхонаи маркази ва Шабакаи муассисаҳои кӯмаки авалияи тиббию санитарӣ дар соли 2019, дар ҷамоатҳои шаҳракию деҳоӣ Боқи Раҳимзода, Оби меҳнат, Ҷафр, Ҳоит ва Ясман  Корвони саломатиро ба роҳ монданд. Дар чорабинии мазкур 15-нафар табибон ширкат варзида ба 650 нафар кӯмаки ройгони аввалияи тиббию […]

Аксҳо Кишоварзӣ Хабарҳо

12 октябри соли 2019 таҷлили иди Меҳргон дар ноҳияи Рашт

 Иди Меҳргон ҳамчун рамзи тирамоҳи зарринрў, айёми ҷамъоварии ҳосил ҳамасола дар саросари кишварамон бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Шукўҳу шаҳомати таҷлили имсолаи ин иди қадимаи тоҷикон то дергоҳ дар лавҳи хотирҳо нақш мебандад. Имрӯз дар маркази ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм иди аҷдодии точикон яъне иди Меҳргон ҷашн гирифта шуд. Дар таҷлили ин ҷашни миллӣ Соҳибҷон […]

Маориф Хабарҳо

Таҷлили “Рӯзи забони давлатӣ” ва “Рӯзи омӯзгор” дар ноҳияи Рашт

3 октябри соли 2019 дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Рашт «Рўзи забони давлатӣ» ва «Рўзи  омўзгор» бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои эҷодии хонандагону омӯзгорон ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Ҷамъомад бо иштироки раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон  ва  директорону   […]

Аксҳо Маориф Хабарҳо

Баргузории машварати августии омӯзгорон 29 августи соли 2019

Баргузории машварати августии омӯзгорон Имрӯз 29 августи соли 2019 дар толори Қасри фарҳанги ноҳия машварати августии омӯзгорони ноҳия баргузор гардид. Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои эҷодии хонандагону омӯзгорон ба маърази тамошобинон гузошта шуда буд.          Аз намоиши эҷодии хонандагон муовини раиси ноҳия Зарина Идиева, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Ортиқов Холмаҳмад,  ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон […]

Аксҳо Кишоварзӣ Хабарҳо

Сафари кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоҳир Зоир ба ноҳияи Рашт

Сафари кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоҳир Зоир ба ноҳияи Рашт          Рӯзи  27 август  муовини  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоҳир Зоир ба ноҳияҳои водии Рашт сафари корӣ анҷом дода, ҷаласа барпо намуд. Дар ҷаласа масъулини соҳа аз ҷумла раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони Кумитаи идораи замини ноҳия, мутахассисони шуъбаҳои кишоварзӣ роҳбарони […]