Тандурустӣ Хабарҳо

Вохурии раиси ноҳияи Рашт ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳия

18 январи соли 2023 ҷаласаи ҷамъбастии соҳаи тандурустии ноҳияи Рашт дар соли 2022 баргузор гардид, ки дар кори он Раиси ноҳияи Рашт, Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, муовини раиси ноҳия, сарпарасти соҳа Муродзода Бахтиёр, роҳбарони муассисаҳои тандурустии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва табибону кормандони соҳа иштирок намуданд.

Раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода дар баромади худ қайд намуданд, ки мақсад аз ҷамъомади имрӯза ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳия, ки яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад пеш аз ҳама бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 ироа намудаанд мебошад.

Вобаста ба фаъолияти соҳаи тандурустии ноҳия дар соли 2022

сартабиби беморхонаи марказӣ номзади илмҳои тиб Солиҳов Насриддин ва роҳбари шабакаи муассисаҳои КАТС-и ноҳия Мирзоқурбонов Муҳсиддин баромад намуда соҳаи тандурустии ноҳия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон қайд карданд, ки дар соли равон бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, шарикони рушд ва соҳибкорони маҳаллӣ соҳаи тандурустии ноҳия рушд намуда бо дастовардҳои назаррас ноил гардид.