Паём ва суханрониҳои Президент Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА: “ПАЁМ – РАҲНАМО БА СӮИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА”

Ҳафтаи сипаригардида раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод бо интихобкунандагони хеш вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрие, ки 7 январи соли равон дар кохи фарҳанги шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт баргузор гардид, оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан кард.

Дар вохӯрӣ фаъолони ноҳия аз тамоми деҳаҳои дуру наздик ширкат варзиданд.

Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода вохӯриро кушода, раиси Маҷлиси намояндагонро ба ноҳия марҳабо гуфт.

Маҳмадтоир Зокирзода дар суханрониаш оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои оянда муайяншуда, пешбурди сиёсати хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақоми занон дар ҷомеаи имрӯзаи кишвар, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сухан кард.

Дар интиҳои суҳбаташ раиси Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки дастуру супоришҳои дар Паём баёнгардида ва дар ҳаёт татбиқ шудани онҳо имконият медиҳад, ки соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат рушд ёфта, дар муддати кӯтоҳ барои сокинони кишвар зиндагии шоиста таъмин гардад.

Дар анҷоми вохӯрӣ интихобкунандагон:

Прокурори ноҳияи Рашт мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Кишварзода А. Г. Муовини ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, номзади илмҳои таърих  Шарифова Макнуна, Нозимов Додархуҷа раиси собиқадорои ҷангу меҳнат, Муҳаббатова Сабоҳат омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28, Ҳаитова Меҳрона табиб (духтури бемориҳои занона) хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кенҷаев Самоуддин омӯзгори  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 52 , Муросоева Тахмина барандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯи коллеҷи тиббии ноҳия  дар атрофи Паёми Пешвои муаззами миллат ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки тамоми сокинони ноҳия сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ менамоянд ва Паёми ӯро ҳамчун чароғи ҳидоят ба сӯи ояндаи дурахшон истифода хоҳанд бурд. Сокинони заҳматқарини ноҳияи Рашт дар ҷавоби ҳама ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хастагиро ҳис накарда, ба корҳои ободонию созандагӣ машғул мебошанд.