Хабарҳо

Таҷлили иди Сада дар ноҳияи Рашт

Тоҷикон аз зумраи мардумонӣ фарҳангдору тамаддунсоз мебошанд.  Онҳо ва авлодони қадимаашон дар баробари дигар халқиятҳои ориётабор аз қадимулаём соҳиби фарҳанги ғанӣ буда, офарида ва расму оинашон ба тамаддуни ҷаҳонӣ чун дурдонаҳои нуқрагини пурҷило дохил шудаанд.

Ҷашни Сада аз ҷумлаи он дастовардҳое мебошад, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоламон таҷлил карда мешавад.

Дар таҷлили ҷашни миллӣ, ки дар ноҳия баргузор шуд муовинони раиси ноҳияи Рашт, Прокурори ноҳия, раиси Комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон  ва  директорону   омўзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок дошта, аз дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқ дидан намуданд.

Сараввал муовини раиси ноҳия Муродзода Бахтиёр ҷамъомадро кушода эълон намуд.

Сипас муовини раиси ноҳия Шарифзода Ҳамдулло ба сухан баромада,  иштирокчиёнро  ба муносибати ин ҷашни аҷдоди табрику таҳният гуфт.

Ба ин ҷашнвора намояндагони кишоварзону аҳли фарҳангу зиё аз ҷамоатҳои шаҳраки ноҳия бо дастовезҳои зиёд, намунаҳои дастранҷи хеш, молу маҳсулот, шеъру суруду оҳангҳои тоза ҷамъ омаданд.

Ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳо дар ин ҷашн иштирок доштанд. Онҳо намоиши маҳсулотҳои қаноди, гўшту шир, мевагӣ, сабзавот, асал, мураббо ва афшураю нўшокиҳои ташнашиканро ба маърази тамошо  монданд, ки мақбули иштирокчиён гардид.

Дар фарҷом иди Садаро барномаи консертӣ, суруду навои дилошуби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия боз ҳам хушу дилписанд ва хотирмон гардонд.