Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ҶАНГИ БУЗУРГИ  ВАТАНӢ

  Бахшида ба 80-умин солгарди рӯзи Ғалаба  дар  Ҷанги Бузурги  Ватанӣ дар нимпайкараи шаҳидони Ҷанги Бузурги Батанӣ,  дар Ҷамоати  деҳоти Навдӣ,  аз ҷониби  муовини раиси ноҳияи  Рашт,  мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия гулчамбар гузошта шуд.
Дар чорабинии мазкур аз ҷониби иштирокдорон аз қаҳрамониҳои мардуми тоҷик ва саҳми беандозаи фарзандони миллати тоҷик сухан рафта, ба ҷавонон бори дигар воқеаҳои ба сари мардуми Иттиҳоди Шуравӣ ва саҳми беандозаи  тоҷикон  дар расонидани кумак аз ақибгоҳравон намудани охирон дороиҳои худ ба ҷанг қисса намуданд.
  Бояд қайд намуд, ки баргузор намудани  чунин  вохӯриҳо дар замири ҷавонон ҳисси ватандӯстиро  зиёд намуда, масъулияти онҳоро ба хотири ҳимояи Ватан ва дӯстдоштани ҳар зарра хоки муқаддаси  Ватан зиёд  месозад.