Суханрониҳои раиси ноҳия Хабарҳо

Табрикоти раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бахшида ба 27-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам афсарону сарбозон,

Ҳозирини гиромӣ!

         Шукргузор аз он ҳастем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои орому осоиштаи Ватани  азизамон бо сарварии Роҳбари хирадманди хеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 27-умин солгарди таъсисёбии худ самимона истиқбол менамоянд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, дар назди ҳайати шахсӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф-ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шудааст. Яъне вазифаҳое, ки сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар аз он вобастагии зиёд доранд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-феврали соли 1993 дар даврае таъсис ёфт, ки саросари Ватани азизи моро алангаи ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби манфиатҷуёни дохиливу хориҷӣ таҳмилшуда таҳдид мекард. Ҳарчанд дар марҳилаи аввали таъсисёбӣ шароитҳои моддию техникии ҷузъу томҳои Артиши миллӣ мушкилу такмилталаб буданд, аммо бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва заҳмату ҷоннисориҳои фарзандони ватандӯсту баномуси миллат рисолати муқаддаси худ-ҳимояи марзу буми диёри биҳиштосоямонро таъмин намуда, дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми арзишманди худро гузоштааст.

 Ҳозирини муҳтарам!

          Ҳар гоҳе сухан дар бораи Артиши миллӣ меравад, бешубҳа арзишҳои олӣ- Ватану ватандорӣ пеши назар меояд. Ба ин маънӣ чун ба осори бузургонамон рӯ орем ватану ватандорӣ аз ҳама шарафи бузург арзёбӣ гаштааст. Тавре мегӯянд, меҳри Ватан аз гӯшаи имон аст. Воқеан, мафҳуми Ватан ба сарзамини аҷдодии тоҷикон алоқаманд буда, дар гирудори имрӯзаи сокинони      кишвар     бо     ҳаёту фаъолият, шуҷоат, қаҳрамонӣ, ҷонфидоӣ, меҳнату корнамоии наслҳои пештараи ниёгонамон ишора мекунад.

         Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ватандорӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан аз он ҳам болотар. Зеро соҳибватан будан, тақдири фарзандон, тақдири миллат, забон ва иқтисоду фарҳанги хешро дар даст доштан на ба ҳар халқу миллат ба осонӣ муяссар мегардад».

         Дар ин замина тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ва қадрдонӣ нисбат ба таърих, фарҳанг, забон, анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ифтихормандӣ аз зиндагии осоиштаи ҷомеа ва тарѓиби доимии хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи ҳар як шаҳрванди бонангу номус мебошад.

         Бо сарфарозӣ бояд иброз намуд, ки имрӯз ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари соҳибистиқлоламон на танҳо ба як неруи бузурги иқтидори мудофиавии мамлакат,балки ба мактаби бузурги тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ, далериву шуҷоат, ҷасорату матонат ва тарбияи насли ҷавони кишвар мубаддал гаштаанд ва дар зарфи 27 сол Артиши миллиамон дар сафҳаи худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст.

         Дар мавриди муносибати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо ифтихормандӣ метавон гуфт, ки имрӯз афсарону сарбозони шуҷои Ватан содиқ ба савганди ҳарбии худ рисолати фарзандии хешро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат ба хубӣ дарк намудаанду бо сарбаландӣ ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ иҷро намуда истодаанд.

         Имрӯз бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳазорҳо нафар ҷавонон хоҳиши дар сафи Артиши миллӣ хизмат карданро доранд ва инро барои худ шарафи бузург мешуморанд. Маҳз ҳамин меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ҷавононро ба ҳимояи дастовардҳои истиқлолият ва марзу бум сарҷамъ меорад.

         Мавриди зикр аст, ки айни ҳол дар ҳудуди ноҳияи Рашт қисмҳои низомии Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ва дидбонгоҳи қушунҳои  сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ арзи вуҷуд дошта, афсарону сарбозони ватандӯст аз тамоми манотиқи кишвари азизамон дар ин ниҳодҳо хизмати содиқона намуда, дар таъмини сулҳу субот, пойдории ваҳдати миллӣ ва амнияти минтақа саҳми арзишманд доранд.

         Дар қисмҳои низомии мазкур тамоми шароитҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ  муҳайё мебошад. Ҳамкориҳои судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф, бахшҳои фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, ташкилоти ҷавонон «Созандагони Ватан» ва ҷанговарони башардӯст бо қисмҳои низомӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

         Дар арафаи ҳар ҷашну маросимҳои миллӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуда, барои болидахотирии онҳо барномаҳои рангини  консертӣ пешкаш карда мешавад. Дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ ва варзишии дар ноҳия доир мегашта зумрае аз онҳо даъват гардида, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия мушарраф мегарданд. Дар арафаи Соли нави мелодии 2020 тамоми ҳайати шахсии қисмҳои низомии ноҳия бо туҳфаҳои солинавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

         Ҳамеша бояд дар хотири дошт, ки бо хиради азалию ҷонисориҳои  фарзанди фарзонаи  миллат, Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзуи ҳазорсолаи миллати тоҷик ҷомаи амал пушида, кишвари азизи мо соҳибистиқлол гардид. Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъқид намудаанд, ки «Хизмат ба Ватан аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта мебошад. Зеро Ватан ва миллат ду рукни  муқаддасест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад».

 Аз ин хотир ҳимояи манфиатҳои миллии давлат аз ҷумлаи  вазифаи муқаддаси ҳар як афсару сарбоз ва шаҳрванди  кишвар ба ҳисоб меравад. Миллати тоҷик таърихи қадима ва ибратомӯз дорад ва мо бояд дастҷамъона бар зидди паҳн шудани ҳар гуна  ҳаракатҳои ифротӣ пайваста мубориза барем.

Маҳз меҳри Ватан ҷавононро аз таъсири омилҳои гуногун эмин медорад ва онҳоро ба ҳифзи кишвар ва бузургдошти арзишҳои миллӣ водор месозад. Пас имрӯз зарур аст, ки миёни ҷавонон тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстиро ба роҳ монда, онҳоро ба зиракию таҳаммулгароӣ   даъват   намоем.

Зеро, таҳаввулоту ҳодисоте, ки  вақтҳои охир дар гӯшаю канори  олам ба амал омада истодаанд,  моро ҳушдор медиҳад, ки ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ андешем ва иқтидори мудофиавии мамлакатро боз ҳам баланд бардорем.

Шубҳае нест, ки ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ анъанаҳои хуби Қувваҳои Мусаллаҳро идома бахшида, ҳифзи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ-ҳимояи амнияту оромии Ватани маҳбубамон сарбаландона иҷро менамоянд.

Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик, сабақи мардонагӣ гирифта, ба Ватани аҷдодии худ, давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва миллати тоҷик ҳамеша содиқона хизмат намоянд.

Шумо аз он фарзандони хушбахти соҳибистиқлолии кишвар мебошед, ки хизмати Ватан-Модарро дар яке аз гӯшаҳои биҳиштосои мамлакат ноҳияи Рашт ба ҷо оварда истодаед ва хуб медонед, ки хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷуз ободии Ватан ва ҳифзи осоиштагии он дигар мақсад надорад. Ин вазифаи муқаддасро Ватан-Модар ба дӯши фарзандони бо ору номусаш гузоштааст.

Мо то ҳанӯз фаромӯш накардаем, ки бо мақсади ҳифзи нангу номуси ватандорӣ садҳо нафар падарону бобоёни мо дар сафҳои Артиши Шӯравӣ ба муқобили душмани башарият фашизми гитлерӣ мардона ҷангидаанду аз мардуми озодихоҳи Афғонистон дар қатори дигар миллатҳо пуштибонӣ намудаанд, ки аз қаҳрамонию фидокориҳои онҳо мо фарзандону наберагон бо ифтихор ҳарф мезанем.

Ҳозирини арҷманд!

Тантанаи имӯзаи мо, ки дар арафаи яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳаллии вакилони халқ доир мегардад бовар дорам, ки афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ дар он фаъолона ширкат варзида, шахсони арзандаро ба вакили интихоб менамоянд.

Дар охир кулли сарбозон ва афсарони шуҷоъу далери Ватанро ба 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику таҳният гуфта, дар ҳифзи дастовардҳои кишвари соҳибистиқлол ва марзу буми он комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Сарбаланду пирӯз бошед!