Омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 38 деҳаи Кул Ҷамоати деҳоти Аскалон соҳиби бинои нави таълимӣ гаштанд, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Асланов Ширинхуҷа сохта мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои нави таълимӣ барои 300 хонанда дар ду баст сохта шуда, шароит фароҳам меорад, ки хонандагони таълимгоҳ бе мушкилоти ҷой нишаст фаъолияти худро пеш баранд.
Дар ифтитоҳи бинои мазкур раиси ноҳияи Рашт, Узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ширкат намуда, иқдоми хайрхоҳонаи соҳибкори муваффақро аз дастуру ҳидояти Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон арёбӣ намуда, соҳибкори ватани Асланов Ширинхуҷаро бо сипосномаи раиси ноҳия қадрдонӣ кард.
Суратгузориш аз рафти ба истифода додани Бинои иловагии муассисаҳои таълими дар ноҳия Рашт