Субҳи 17 май маъракаи дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар ноҳияи Рашт бо мақсади оммавияти варзиш ва солимгардонии аҳолӣ дар доираи нақшаи тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар се минтақа: шаҳраки Ғарм ва ҷамоатҳои шаҳраки Навободу деҳоти Ҳоит бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки дар маъракаи мазкур беш аз шаш ҳазор […]
Author: rasht
ДАР НОҲИЯИ РАШТ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА БО ШУКӮҲИ ХОС ТАҶЛИЛ ГАРДИД
Имрӯз дар амфитеатри ноҳияи Рашт бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ–маърифатӣ бо иштироки раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолон, омӯзгорон, занону ҷавонон ва сокинони ноҳия баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар фазои гарму самимӣ […]
РАФТИ ШАНБЕГӢ ДАР ҲУДУДИ НОҲИЯИ РАШТ
Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин супоришҳои раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, дар ҳудуди ноҳияи Рашт шанбегии умумӣ баргузор гардид. Дар шанбегии […]
БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ МУДОФИАВӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ
15 майи соли 2026 дар маҳаллаи Сомониёни ноҳияи Рашт чорабинии муҳими сиёсӣ ва ҳарбӣ оид ба мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳкими омодабошии ҷангӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар самти таъмини амният ва мудофиаи кишвар арзёбӣ гардид. Дар чорабинӣ муовини аввали сардори […]
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ
14 майи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Рашт баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Зимни ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳими марбут ба […]
БОЗДИДИ РАИСИ НОҲИЯИ РАШТ АЗ МАҲАЛЛИ ЗАРАРДИДАИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ДЕҲАИ ШУЛОНАК
Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо аз маҳалли фаромадани сел дар деҳаи Шулонаки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт боздид ба амал оварданд. Зимни боздид раиси ноҳия бо вазъи баамаломада аз наздик шинос шуда, ба масъулини соҳаҳо ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, расонидани кӯмакҳои саривақтӣ ва […]
КӮМАКИ МАРДУМИ МИНТАҚАИ РАШТ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИИИ ШАҲРИ КӮЛОБ
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб, сокинони ватандӯсти минтақаи Рашт иқдоми хайрхоҳона ва инсонпарваронаро роҳандозӣ намуданд. Дар доираи ин иқдом аз ҷониби сокинон, соҳибкорон ва фаъолони ҷомеаи минтақа маводи гуногуни ниёзи аввалия, аз ҷумла […]
БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАИ СУРХ
Шаби 11 майи соли 2026 дар натиҷаи боришоти шадиди борон дар деҳаи Шулонаки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт омадани сел ба қайд гирифта шуд. Дар пайи ин ҳодиса қисме аз роҳҳо ва инфрасохтори маҳаллӣ зарар дида, ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд гардид. Бо супориши раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам […]
САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ — ОМИЛИ МУҲИМИ МУАРРИФИИ ИМКОНИЯТҲОИ НОҲИЯИ РАШТ
09 майи соли 2026 бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар як қатор хатсайрҳои нави сайёҳӣ роҳандозӣ гардиданд. Дар доираи ин ташаббус намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, рӯзноманигорон ва блогерон ба минтақаҳои […]
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бахшида ба 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон, собиқадорон ва ҷавонон иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки Рӯзи Ғалаба яке […]






