Шаби 11 майи соли 2026 дар натиҷаи боришоти шадиди борон дар деҳаи Шулонаки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт омадани сел ба қайд гирифта шуд. Дар пайи ин ҳодиса қисме аз роҳҳо ва инфрасохтори маҳаллӣ зарар дида, ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд гардид.
Бо супориши раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зарина Идизода фавран ситоди махсуси ноҳиявӣ оид ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуда, гурӯҳҳои корӣ ва техникаҳои зарурӣ ба маҳалли ҳодиса сафарбар гардиданд.
Дар натиҷаи тадбирҳои фаврӣ ва фаъолияти шабонарӯзии масъулин, роҳи байналмилалӣ пурра боз гардида, ҳаракати нақлиёт ба ҳолати муқаррарӣ барқарор карда шуд. Айни замон корҳои тозакунии роҳҳо, бартарафсозии лойу сангреза ва таъмини бехатарии сокинон идома дошта, вазъият таҳти назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт қарор дорад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кӯмак ба аҳолии зарардида тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

