Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

КӮМАКИ МАРДУМИ МИНТАҚАИ РАШТ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИИИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб, сокинони ватандӯсти минтақаи Рашт иқдоми хайрхоҳона ва инсонпарваронаро роҳандозӣ намуданд.

Дар доираи ин иқдом аз ҷониби сокинон, соҳибкорон ва фаъолони ҷомеаи минтақа маводи гуногуни ниёзи аввалия, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ, картошка, орд, равған ва дигар кӯмакҳои моддӣ ҷамъоварӣ гардида, ба зарардидагони офати табиӣ ирсол карда шуд.

Зикр гардид, ки мардуми минтақаи Рашт ҳамеша дар пайравӣ аз сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат рӯҳи ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва дастгирии якдигарро нишон дода, дар лаҳзаҳои душвор паҳлуи ҳамватанони худ қарор мегиранд.

Иқдоми мазкур нишонаи олии эҳсоси масъулият, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати сокинони кишвар буда, бори дигар фарҳанги баланди инсондустии мардуми тоҷикро собит месозад.