Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо аз маҳалли фаромадани сел дар деҳаи Шулонаки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид раиси ноҳия бо вазъи баамаломада аз наздик шинос шуда, ба масъулини соҳаҳо ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, расонидани кӯмакҳои саривақтӣ ва дастгирии оилаҳои зарардида дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон, ба сокинони аз офати табиӣ зарардида ашёи рӯзгор, маводи ғизоӣ ва дигар кумакҳои зарурӣ дастрас карда шуд.
Ин иқдом дар партави сиёсати инсонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба дастгирии аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида равона шудааст.

