Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН  АЗ ҶОНИБИ    РАИСИ НОҲИЯИ РАШТ

  Имрӯзи  14.06.2025  дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт қабули шаҳрвандон аз ҷониби  раиси ноҳия Рашт узви Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Идизода Зарина Фузайлшо гузаронида шуд.
Қайд намудан лозим аст, ки дар рӯзи баргузории қабули шаҳрвандон, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иқроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ноҳия иштирок  доштанд.
Дар рафти қабул аз тарафи   раиси ноҳия Рашт муҳтарам  Идизода Зарина Фузайлшо ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва бо сифати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилиҳои муроҷиаткунадагон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.