Имрӯз, 23 сентябри соли 2026, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо роҳбарону масъулини мақомоти давлатӣ ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода, муовини раиси ноҳияи Рашт, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, инчунин мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии ҳама гуна шаклҳои табъиз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мақсади асосии вохӯрӣ муаррифии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», тавзеҳи моҳият ва аҳаммияти он, инчунин баргузории машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ ва қабули шаҳрвандон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мебошад.
Дар идомаи вохӯрӣ ба иштирокдорон вобаста ба муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини баробарӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини баробарӣ дар ҷомеа яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

