Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

МОДАР ФАРИШТА БУД АММО БОЛУ ПАР НАДОШТ.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оди баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа санаи  08 марти соли 2024   дар тарабхонаи «Сияриён»  ба муносибати Рӯзи Модар чорабинии идона бо иштироки оилаҳои роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолзанони ноҳия  баргузор гардид. Чорабиниро ичрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо кушода, ҳозиринро ба ин ҷашн табрик гуфта,  барояшон  рӯзгори  ободу  осударо  таманно  карданд.

Воқеан зан -Модар азизтарин мавҷуди рӯи замин ва нафаси гарму дилнавози  ӯ ибтидои ҳастист. Зан –Модар  сарчашмаи ҷовидонаи сидқу вафо, рамзи зебоӣ ва накӯӣ, нахустин мураббӣ ва тарбиятгари насли инсонӣ мебошад, зеро сиришти ин мавҷуди муқаддас иборат аз меҳри ростину садоқати фитрист.

Баъдан бо иштироки санъаткорони бахши  фарҳанги ноҳия барномаи ҳунарӣ барои болидарӯҳии модарон баргузор гардид. Инчунин, ҷамъомади мазкур бо қироати шеърҳои дилнишин дар васфи Зан-Модар  дили  аҳли  толорро  шод  гардонид.