Кишоварзӣ Хабарҳо

  ЗАМИНАИ БОЭЪТИМОДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

Кишоварзӣ соҳаи асосии пешбарандаи иқтисодиёти ноҳияи Рашт буда, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва саъю талоши сокинони заҳматпешаи он тайи солҳои охир уфуқҳои тозаи рушд касб дорад.

Ин аст, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ соли сипаришуда ба 447 миллиону 314 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки дар қиёси соли 2018 қариб 6 миллион сомонӣ зиёд аст.

Тавре Ғайниддин Манонов, муовини раиси ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, афзоиши ҳаҷми маҳсулотро дар ноҳия нишондиҳандаҳои картошка, ғалла, мева сабзавот ва дигар зироатҳо дар ҳамаи бахшҳои соҳа ташкил медиҳанд, ки кишоварзон аз майдони  4 ҳазору 659 гектар заминҳои корами обӣ истеҳсол карданд.

Бо мақсади азхудкунии заминҳои нав, барқарор кардани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва бунёди боғҳои нав тадбирҳои судманд мавриди амал қарор гирифтааст. Соли сипаришуда барои беҳтар намудани ҳолати обёрии заминҳои киштшаванда ба маблағи 1 миллиону 450 ҳазор сомонӣ сохтану барқарорсозии каналҳо анҷом дода шуд.

Дар ин давра бо мақсади афзоиши истеҳсоли мева ва ташкили ҷойҳои нави корӣ 73 гектар боғи нав бунёд ва 213 гектар боғҳои куҳна барқарор гардиданд.

Истеҳсоли картошка ба 46 ҳазор тонна, мева ба 18 ҳазор тонна ва ғалладонаву сабзавот ба 16 ҳазор тонна расида, ҳоло бунёди сардхонаву гармхона дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ идома дорад.

– Барои рушди ин соҳаи муҳими хоҷагии халқ заминаҳои боэътимод гузошта шудааст, то кишоварзон марҳила ба марҳила истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, аз қабили картошка, ғалла, мева ва асалро боз ҳам афзоиш диҳанд, зеро амалӣ шудани ин ҳадафҳо ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт заминаи боэътимод хоҳад гузошт, – гуфт дар хотимаи суҳбат Ғайниддин Манонов.