14 майи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Рашт баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳими марбут ба таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз ҷумла, натиҷаи санҷиш, таҳлил ва ҷамъбасти ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” дар самти пешгирии таълимоти ғайрирасмии динии шаҳрвандон дар дохил ва хориҷи кишвар муҳокима гардида, оид ба пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон, ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” ва қонунгузории мурофиавӣ–ҷиноятӣ дар фаъолияти нозирони минтақавии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, бахусус дар самти ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои дуздӣ ва авбошӣ, инчунин сабабҳои афзоиши чунин ҷиноятҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дар идомаи ҷаласа масъалаи вазъи ошкор ва таъмини тафтишоти пешакии ҷиноятҳои одамкушии солҳои пешин ва ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистидошта баррасӣ гардида, ҷиҳати тақвияти ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва баланд бардоштани самаранокии корҳо таъкид карда шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба масъулини соҳаҳо барои иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои гузошташуда супоришҳои мушаххас дода шуданд.


