Сабтҳои охирин
МИНТАҚАИ РАШТ ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР РӮЗИ АВВАЛ
Субҳи имрӯз дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалаи Сомониёни шаҳраки Ғарм таҳти унвони «Мо, ҷавонон пайравони Пешвои миллатем» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуд. Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи […]
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар даромадгоҳи Қасри фарҳанги ноҳия намоиши дастовардҳои ҷавонон дар соҳаҳои мухталиф роҳандозӣ гардида, аз намоиши мазкур раиси ноҳияи Рашт, Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, намояндагони мақомоти иҷроия, ташкилоту идораҳо ва дигар қишрҳои ҷомеа дидан намуда, ба ҳунар ва истеъдоди ҷавонон баҳои баланд доданд. […]
Омодагӣ ва насб намудани шиору овезаҳо ба интихоботи даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳали вакилони халқ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт бо маром идома дорад. Маврид ба зикр аст, ки Комиссияи ҳавзавии интихобот ва комиссияҳои участкавии интихоботии ҳудуди ноҳияҳои минтақаи Рашт фаъолияти густурда худро дар ин самт пеш мебаранд.

