Хабарҳо

Дар ноҳияи Рашт санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» доир шуд

РАШТ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соати 4-и субҳи имрӯз дар асоси  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» баргузор гардид.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд гузориш медиҳад, дар ин машқҳо ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ аз ҳисоби ҷавонони ноҳия, афсарону сарбозони қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, дар маҷмӯъ зиёда аз 2500 нафар бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ омада, ҳолати омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд. Ҳамчунин дар ин машқҳо техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву нақлиётӣ, мошинҳои махсуси замонавӣ ва дигар силоҳу муҳимоти муосири ҳарбӣ мавриди омодабош қарор гирифтанд.

Муовини раиси ноҳияи Рашт Ҳамдулло Шарифзода иброз дошт, ки “субҳи имрӯз ҷавонони ноҳияи Рашт бори дигар исбот намуданд, ки баҳри таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, кумаки ҳамаҷониба расонидан ба сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳама ҳолат саҳми арзанда мегузоранд”.

Роҳбарияти мақомоти низомии ноҳия ва иштироккунандагони машқҳо ваъда доданд, ки “ҳар яки мо тамоми имконияту неру ва маҳорату малакаи худро барои садоқат ба савганди ҳарбӣ, ҷасорату мардонагӣ, ҳимояи боэътимоди истиқлолу озодӣ ва марзу буми давлатӣ равона намуда, дар ин роҳ ҷоннисорӣ менамоем”.

Сокини ноҳияи Рашт Зумрат Лоиқова гуфт, ки “имрӯз дар баробари мардони шуҷои ватан мо, бонувони раштӣ низ омодаи ҳифзи марзу буми сарзаминамон ҳастем ва фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намуда, ба онҳо дарси мардонагии мактаби Пешвои миллатро меомӯзонем”.