Боиси ифтихору сарфарозии аҳли ҷомеа ва ҳамкорон аст, ки ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзанда дар хизмати давлатӣ, фаъолияти содиқона ва меҳнати софдилона ба намояндагони соҳаи хизмати давлатӣ ва собиқадорони меҳнат қадршиносии давлатӣ сурат гирифт.
Аз ҷумла, мудири шуъбаи коргузорӣ, назорат ва муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт Бақозода Суҳроб Заробуддин ва собиқадори меҳнат Шарипов Абубакр бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардиданд.
Ин қадршиносии олии давлатӣ далели равшани меҳнати содиқона, фаъолияти пурсамар, масъулияти баланди касбӣ ва саҳми арзандаи ин шахсони соҳибтаҷриба дар пешбурди хизмати давлатӣ ва рушди ҷомеа мебошад.
Қобили зикр аст, ки чунин қадршиносии давлатӣ на танҳо ба фаъолияти шоистаи шахсони меҳнатдӯст баҳои баланд медиҳад, балки барои насли ҷавон намунаи ибрат буда, ҳисси масъулиятшиносӣ, садоқат ба давлату миллат ва меҳнати софдилонаро таҳким мебахшад.
Ҳамкасбон ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Бақозода Суҳроб Заробуддин ва Шарипов Абубакрро ба муносибати ин дастоварди арзанда ва гирифтани мукофоти олии давлатӣ самимона табрик гуфта, барояшон пеш аз ҳама тансиҳатӣ, умри дароз, рӯзгори обод, неруи тоза, саодати зиндагӣ ва дар фаъолияти минбаъда комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоянд.
Бигзор ин мукофоти давлатӣ мояи ифтихору сарфарозӣ ва нерубахши идомаи фаъолияти содиқона дар роҳи хизмат ба давлату миллат бошад!
Мукофоти давлатӣ муборак бошад, муҳтарам Бақозода Суҳроб Заробуддин ва собиқадори меҳнат Шарипов Абубакр!
Қадршиносии Шумо — ифтихори ҳамкасбон ва намунаи садоқат ба Ватан аст!


