15 майи соли 2026 дар маҳаллаи Сомониёни ноҳияи Рашт чорабинии муҳими сиёсӣ ва ҳарбӣ оид ба мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳкими омодабошии ҷангӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар самти таъмини амният ва мудофиаи кишвар арзёбӣ гардид.
Дар чорабинӣ муовини аввали сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал–майор муҳтарам Одиназода Муссо Неъмат, раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, муовинони раиси ноҳия, Комиссари ҳарбии ноҳия, инчунин роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.
Зимни баргузории ҳамоиш ҳайати меҳмонон ва масъулин аз сатҳи омодагии ҷангӣ, ҳолати техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ ва фаъолияти сохторҳои марбута боздид ба амал оварда, ба омодабошии онҳо баҳои мусбат доданд.
Таъкид гардид, ки таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат, омодагии доимии захираҳои сафарбарӣ ва тарбияи ҳарбӣ–ватандӯстии ҷавонон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Муовини аввали сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Одиназода Муссо Неъмат зимни суханронии худ иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат дар ҳифзи истиқлолият, суботи сиёсӣ ва амнияти кишвар нақши муҳим доранд. Ҳамзамон ҷавонон ба хизмати содиқона ва софдилона дар сафҳои Артиши миллӣ даъват карда шуданд.
Раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо низ зимни баромади худ аз саҳми ҷавонони ноҳия дар таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат ёдовар гардида, зикр намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри баланд бардоштани маърифати ватандӯстиву ҳарбии ҷавонон тадбирҳои заруриро мунтазам амалӣ менамояд.
Дар анҷоми чорабинӣ як қатор фаъолон ва волидоне, ки фарзандонашон дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намуда истодаанд, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипоснома ва ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.

