Рӯзи 19- ноябри соли равон ба 24 нафар донишҷӯдухтарони Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт, ки дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсии ноҳия саҳми назаррас доштанд, аз тарафи Раиси ноҳияи Рашт Узви Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва шахсони саховатпеша пойафзол ва болопӯшҳои замистона дастрас карда шуд. Чунин дастгириҳо аз тарафи Раиси ноҳияи Рашт нисбати донишҷӯдухтарон мунтазам амали карда мешавад. Донишҷӯдухтарон аз иқдомоти раиси ноҳияи Рашт изҳори қаноатмандӣ намуда зикр карданд, ки ҳамеша дар баргузории чорабиниҳои фарҳангию сиёсии ноҳия иштироки фаъолона намуда ба халқу ватани хеш хизмат менамоянд.
Сабтҳои охирин
ТАНТАНАИ НАВРӮЗ ДАР РАШТ
Дар байни ҳама ҷашну маросиме, ки то ба имрӯз пойдор мондаанд ва манзалату эътибори иҷтимоии худро ҳифз кардаанд, Наврӯз дар радифи муҳимтарини онҳо шинохта мешавад, зеро он ҷашнест табиӣ ва мансуб ба табиату инсон. Ин аст, ки дар фазои софу буғубори ноҳияи Рашт рӯзи 22 март зеботарин ҷашни озодӣ – Наврӯзи хуҷастапай бо […]
ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ ОТАШНИШОНӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТӢ ҲОИТ
Санаи 3 ноябри соли 2026 дар Ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии гурӯҳи ноҳияҳои Рашт дар ҳайати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳофизати Ҷамоати деҳоти Ҳоит бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо дар вазъияти тантанавӣ […]
Тамошои якҷояи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар Бораи Самтҳои Асосии Сиёсати Дохилӣ Ва Хориҷии Ҷумҳурӣ»
Имрӯз дар тамоми корхонаю муассисаҳо ташкилоту идораҳо новобаста аз шакли моликияташон тамошои якҷояи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сурат гирифт. Ҳамзамон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт муовинони раиси ноҳияи Рашт, кормандони масъули дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони идораю сохторҳои маркази ноҳия ҷамъ омада, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо таваҷҷӯҳ […]


