Хабарҳо

ТАНТАНАИ НАВРӮЗ ДАР РАШТ

         Дар байни ҳама ҷашну маросиме, ки то ба имрӯз пойдор мондаанд ва манзалату эътибори иҷтимоии худро ҳифз кардаанд, Наврӯз дар радифи муҳимтарини онҳо шинохта мешавад, зеро он ҷашнест табиӣ ва мансуб ба  табиату инсон.

         Ин аст, ки дар фазои софу буғубори ноҳияи Рашт рӯзи 22 март зеботарин ҷашни озодӣ – Наврӯзи хуҷастапай бо шукуҳу шаҳомати тоза таҷлил карда шуд.

         Дар ин тантанаи фараҳафзо  раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ҳамдиёронро табрик намуда, иброз дошт, ки мардуми кишварамон аз он сарфарозанд, ки бо баракати  истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллӣ барқарор ва устувор гардида, урфу одат, расму оини миллӣ ва арзишҳои муқаддаси озодӣ, аз ҷумла Наврӯзи Аҷам бо табиати сарсабзаш ба ҷашнвораи ҷаҳонӣ табдил ёфт.

         Дар тантанаҳои Наврӯзи намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳанрмандӣ, оростани дастархони Наврӯзӣ, маъракаҳои асптозонӣ шеъру таронахонӣ ва чанди дигар ба роҳ монда шуданд, ки аз сунатҳои ҷашни Наврӯз мебошанд.

         Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини идона хотири иштирокчиёни тантанаи Наврӯзиро болида гардониданд.

         Дар тантанаи  Наврӯз намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдуллоев Соибҷон Салоҳуддинович иштирок ва мардуми шарифи ноҳияро ба ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуд.