Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии бемории коронавирус (COVID-19) бо роҳбарии муовини якуми раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина гуруҳи корӣ таъсис дода шуда дар кучаи марказӣ ва бозори шаҳраки Ғарм дар байни сокинону меҳмонон корҳои фаҳмондадиҳи анҷом доданд.
Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳи кормандони Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияуати давлатии ноҳия, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва кормандони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи иштирок доштанд.
Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шаҳрвандон оид ба роҳҳои сироятшавӣ ва усулҳои пешгирии бемории коронавирус, аз ҷумла бо роҳи расидани заррачаҳои луоби даҳон ба чашм, бинӣ, даҳон, дастони ифлос, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, тоза кардани манзилҳои зист, ҳатман пушидани ниқоби тиббӣ ва худдорӣ намудан аз гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ё серодам маълумот ва ҷиҳати бештар дар хона будани шахсони аз 60-сола боло маслиҳатҳо дода шуд.
Ҳамзамон, баҳри бештар намудани маълумоти сокинон оид ба бемории мазкур ба онҳо варақаҳои тавсиявӣ, дастури роҳнамо ва ниқобҳои тибби тақсим гардиданд.