Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайваста ба рушди варзиш, аз ҷониби раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, ду нафар варзишгари ҷавон қадрдонӣ гардиданд.
Аз ҷумла, паҳлавон Темур Раҳимов бо маблағи 10 000 сомонӣ ва Лоиқ Қудбидинов бо маблағи 5 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Темур Раҳимов — паҳлавони номдори тоҷик буда, яке аз варзишгарони муваффақ дар риштаи гӯштини дзюдо ва самбо маҳсуб меёбад. Темур Раҳимов бо дастовардҳои назарраси худ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштааст
Ин иқдоми нек нишонаи дастгирии ҷавонони боистеъдод ва рушди варзиш дар ноҳия буда, барои ноил гардидан ба дастовардҳои нав ҳавасмандии бештар мебахшад.

